Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Гаштам аз бедаступоиҳо ба хушку тар муҳит,

Гаштам аз бедаступоиҳо ба хушку тар муҳит, Киштӣ аз таслим пайдо кард соҳил дар муҳит. Қосидони шавқ яксар нохудоӣ мекунанд, Мавҷҳо дорад зи чашмам то дари дилбар муҳит. Дил ба ҳар андеша фоли инқилобе мезанад, Мекунад аз ҳар насиме нусхае абтар муҳит. Гар чунин афсурдагӣ ҷӯшад зи табъи рӯзгор, Рафта-рафта мехазад дар дидаи гавҳар муҳит. Шӯхии барқи нигаҳ дар дидаи оина нест, Ҳамчу гавҳар, мавҷи моро гашт чашми тар муҳит. Табъ чун мумтози аъён шуд, ватан ҳам ғурбат аст, Мекунад ҳосил гуҳар гарди ятимӣ дар муҳит. Ҳар қадар сози тааллуқ беш, ваҳшат бештар, Мекушояд дархури амвоҷ болу пар муҳит. Шафқати ҳоли заифон бар бузургон нанг нест, Хору хасро ҳамчу гул ҷо медиҳад бар сар муҳит. Чун ба узлат хӯ гирифтӣ, фикри озодӣ хатост, Оби гавҳаргашта натвонад шудан дигар муҳит. Чашми ҳайрони маро оина фаҳмидаст ҳусн, Дар тилисми гавҳари ман нест белангар муҳит. Маҳрами ӯ кист? Гирди хеш мегардида бош, Ҳалқае дорад зи гирдобат буруни дар муҳит. Дастгоҳи мастии арбоби маънӣ бода нест, Бедил, аз чашми тари худ мекашад соғар муҳит.