Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳар кӣ анҷоми ғурури манумо мебинад,

Ҳар кӣ анҷоми ғурури манумо мебинад, Бар фалак низ ҳамон дар таҳи по мебинад. Шаш ҷиҳат оинаи арзи савоб аст, аммо Чашмат аз кӯрдилӣ саҳву хато мебинад. Чашм бар ҳалқаи дарвозаи раҳмат дорад, Хешро ҳар кӣ ба таслим дуто мебинад. Накунӣ ҷуръати коре, ки набояд кардан, Гар шавӣ ин қадар огаҳ, ки Худо мебинад. Зиндагонӣ чию осудагии умр кадом? Субҳи мо арзи ғуборе ба ҳаво мебинад. Шамъвор оинаи ростӣ аз даст мадеҳ, Кӯр ҳам пешу паси худ ба асо мебинад. Ҷои раҳм аст, гар озода муқайяд гардад, Об дар кисвати оина чиҳо мебинад? Булбули мо чӣ кунад, гар нашавад маҳви хурӯш? Аз раги гул ҳама меҳроби дуо мебинад. Беҳ, ки мо низ чу шабнам арақе об шавем, К-он гулистони ҳаё ҷониби мо мебинад. Ҳама мозист, куҷо ҳолу кадом истиқбол? Дида ҳар сӯ нигарад, рӯ ба қафо мебинад. Баски коҳидаам аз дарди таманно, Бедил, Мӯй дорад ба назар, ҳар кӣ маро мебинад.