ОГОҲ ШУДАНИ САЛМ ВА ТУР АЗ МАНУЧЕҲР
Ба Салму ба Тур омад ин огаҳӣ,
Ки шуд равшан он тахти шоҳаншаҳӣ.
Дили ҳар ду бедор шуд пурниҳеб,
Ки ахтар ҳаме рафт сӯи нишеб.
Нишастанд ҳарду пурандешагон,
Шуда тира рӯзи ҷафопешагон.
Якояк ба он рояшон шуд дуруст,
К-аз он рӯяшон чора боист ҷуст,
Ки сӯи Фаридун фиристанд кас,
Ба пӯзиш, куҷо чора ин буд бас.
Биҷустанд з-он анҷуман ҳарду он
Яке покдил марди чиразабон.
Бад-он марди борою боҳушу шарм
Бигуфтанд бо лоба бисёр гарм.
Дари ганҷи Ховар кушоданд боз,
Чу диданд ҳавли нишеб аз фароз.
Зи ганҷи куҳан тоҷи зар хостанд.
Ҳама пушти пилон биёростанд.
Ба гардунаҳо-бар чи мушку абир,
Чи дебову динору хаззу ҳарир,
Або пили гардункашу рангу бӯй,
Зи Ховар ба Эрон ниҳоданд рӯй.
Ҳар он кас, ки буд бар дари шаҳрёр,
Якояк фиристодашон ёдгор.
Чу пардахташон шуд дил аз хоста,
Фиристода омад баророста.
Бидоданд назди Фаридун паём,
Нахуст аз ҷаҳондор бурданд ном,
Ки ҷовид бодо Фаридуни гурд,
Ки фарри каӣ Эзад ӯро супурд!
Сараш сабз боду танаш арҷманд,
Маниш баргузашта зи чархи баланд.
Паёме гузорам зи ҳарду раҳӣ
Бад-ин бурздаргоҳи шоҳаншаҳӣ.
Бад-он, к-он ду бадхоҳи бедодгар
Пур аз оби дида зи шарми падар.
Пушаймон шуда, доғдил бар гуноҳ,
Ҳаме сӯи пӯзиш биҷӯянд роҳ.