ЗОДАНИ МАНУЧЕҲР АЗ МОДАРАШ
Ба сар - бар шигифтӣ нигар, чун намуд,
Чу баргашт нӯҳ моҳ чархи кабуд,
Яке пур зод он ҳунарманд моҳ,
Чӣ гуна сазовори дайҳиму гоҳ.
Чу аз модари меҳрубон шуд ҷудо,
Сабук тохтандаш сӯи подшо.
Баранда бад-ӯ гуфт, к-«Эй тоҷвар,
Яке шод кун дил, ба Эраҷ нигар».
Ҷаҳонбахшро лаб пур аз ханда шуд,
Ту гуфтӣ, магар Эраҷаш зинда шуд.
Ниҳод он гаронмояро дар канор,
Ниёиш ҳаме кард бо кирдгор.
Ки, эй коҷкӣ, дида будӣ маро,
Ки Яздон рухи ӯ намудӣ маро.
Зи бас, к-аз ҷаҳонофарин кард ёд,
Бубахшиду дида бад-ӯ боздод.
Фаридун чу равшанҷаҳонро бидид,
Ба чеҳри навомад сабук бингарид.
Ҳаме гуфт, к-«Ин рӯз фархунда бод!
Дили бадсиголони мо канда бод!»
Маи равшан оварду пурмоя ҷом,
Мар он чеҳр дорад Манучеҳр ном.
Чунин, гуфт, к-«Аз покмому падар
Яке шохи шоиста омад ба бар».
Чунон парваридаш, ки боду ҳаво
Бар ӯ баргузаштан надидӣ раво.
Парастандае к-аш ба бар доштӣ,
Заминро ба пай ҳеч нагзоштӣ.
Ба пой - андараш мушки соро будӣ,
Равон бар сараш чатри дебо будӣ.
Чунин то баромад бар ин солиён,
Наёмад-ш з-ахтар замоне зиён.
Ҳунарҳо, ки буд подшоро ба кор,
Биёмӯхташ номвар шаҳрёр.
Чу чашму дили подшаҳ боз шуд,
Ҷаҳон низ бо ӯ пуровоз шуд.
Ниё тахти заррину гурзи гарон
Бад-ӯ доду пирӯза тоҷи сарон.