Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ ПИСАРОН НАЗДИ ФАРИДУН

Фиристода омад диле пурсухун, Суханро на сар дид пайдо, на бун. Або пилу бо ганҷу бо хоста Ба даргоҳи шоҳ омад ороста. Чу назди Фаридун расид огаҳӣ, Бифармуд, то тахти шоҳаншаҳӣ Ба дебои румӣ биёростанд, Кулоҳи каёнӣ биперостанд. Нишаст аз бари тахти пирӯза шоҳ Чу сарви саҳӣ бар сараш гирдмоҳ. Або тоҷу бо тавқу бо гӯшвор, Чунон чун бувад дархури шаҳрёр. Хуҷаста Манучеҳр бар дасти шоҳ Нишаста, ба сар барниҳода кулоҳ. Дурӯя бузургон кашида рада, Саропой яксар ба зар ожада. Ба зарринамуду ба зарринкамар Замин карда хуршедгун сар ба сар, Ба як даст барбаста шеру паланг, Ба дасти дигар жандапилони ҷанг. Бурун омад аз кох Шопури гурд, Фиристодаи Салмро пеш бурд. Фиристода чун дид даргоҳи шоҳ, Пиёда давон андаромад зи роҳ. Чу наздики шоҳ Офаридун расид, Сари тоҷу тахти баландаш бидид, Зи боло фурӯ бурд сар пеши ӯй, Ҳаме бар замин-бар бимолид рӯй. Гаронмоя шоҳи ҷаҳонкадхудой Ба курсии заррин-ш фармуд ҷой. Фиристода бар шоҳ кард офарин, Ки «Эй нозиши тоҷу тахту нигин, Замин гулшан аз пояи тахти туст, Замон равшан аз мояи бахти туст. Ҳама бандаи хоки пои туем, Ҳама пок зинда барои туем!» Чу бар офарин шоҳ бикшод чеҳр, Фиристода пешаш бигустард меҳр.