ПАЙҒОМ ФИРИСТОДАНИ КОВУС БА НАЗДИ КАЙСАРИ РУМ ВА АФРОСИЁБ
Фиристода шуд назди Кайсар зи шоҳ,
Саворе ки андарнавардид роҳ.
Бифармуд, к-аз номдорони Рум
Касе к-ӯ битозад ба барру ба бум,
Фиристод бояд ба наздики ман,
Барафрӯхтан рои торики ман.
Ҷаҳондида бояд инондор бас,
Инону сипар боядаш ёр бас.
Чунин лашкаре бояд аз марзи Рум,
Ки оянд бо ман ба ободбум.
Пас огоҳӣ омад зи Ҳомоварон,
Ба дашти саворони найзаварон,
Ки Рустам ба Мисру ба Барбар чи кард
Бар он шаҳрёрон ба рӯзи набард.
Далерон биҷустанд гурди савор,
Инонпечу аспафкану найзадор,
Ки мо шоҳро сар ба сар чокарем,
Ҷаҳон ҷуз ба фармони ӯ наспарем.
Чу аз Гургсорон биёмад сипоҳ,
Ки ҷӯянд гоҳи сарафроз шоҳ.
Дили мо шуд аз кори эшон бадард,
Ки дилшон чунин бартарӣ ёд кард.
Ҳаме тахти ту хост Афросиёб,
Чунин бад мабинод ҳаргиз ба хоб!
Ҳама номдорони шамшерзан,
Бар ин кинагаҳ- бар шудем анҷуман.
Бирафтем бо найзаҳои дароз,
Бар ӯ талх кардем орому ноз.
Аз эшону аз мо басе кушта шуд,
Замона ба ҳар неку бад гашта шуд.
Кунун омад аз кори ту огаҳӣ,
Ки тоза шуд он фарри шоҳаншаҳӣ.
Чу ту баргироӣ зи Барбар инон,
Ба гардан барорем яксар синон.
Замин кӯҳ то кӯҳ пурхун кунем,
Зи хуншон ҷаҳон рӯди Ҷайҳун кунем.
Фиристода бора барафканду рафт,
Ба Барбарситон рӯй бинҳод тафт.