Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ДИЛ – ДИЛИ ЗАЙНАБ

Дар яке аз деҳоти кӯҳистон Марди пире намудааст макон. Гарчи мӯи сараш чу барф сафед, Чашмҳояш вале пур аз уммед. Чеҳрааш тоза мисли рӯи баҳор, Соф чун оби чашмаи кӯҳсор. Хотираш шоду хурраму хурсанд, Чун дили мардуми саодатманд Мисли фӯлоди пухта сахт танаш, Рафта осори дард аз баданаш. Сар-сари кӯҳ меравад озод, Меҷаҳад мисли оҳуи навзод. Дар хирадмандию заковат пир, Беназир асту марди ботадбир. Дорад ӯ эҳтироми ҳар одам, Дорад ӯ иззати ҷавонон ҳам. Донад азбаски қимати инсон, Гармрӯй аст назди пиру ҷавон. Дар ҷаҳон ҳар чӣ дидааст ин пир, Дидаасту шунидааст ин пир. Гузарондаст зиндагониаш Гоҳ бо обу гоҳ бо оташ. Дида дилҳои сахттар аз санг, Одамони дарандатар зи паланг. Саргузашташ хулоса ҳаст зиёд, Ҳаргиз ӯро намераванд аз ёд. Пири хушбахт духтаре дорад, Духтари моҳпайкаре дорад. Қоматаш рост мисли сарви боғ, Чашмҳояш электрикчароғ, Гӯиё дар фазои кӯҳистон Медурахшад ситораи тобон. Дар ҳақиқат Ситора номи ӯст, Зуҳалу Зуҳра дар низоми ӯст. Сурх ҳамчун анор рухсораш, Фораму дилкушост гуфтораш. Мезанад ҷӯш дар дилаш шодӣ, Бар рухаш рангу бӯи озодӣ.