Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Агар зи хок омадам, ба хок боз меравам,

Агар зи хок омадам, ба хок боз меравам, Вале ба сарнагуниям чи сарфароз меравам. Чи бениёз мешавад зи ман замини безабон, Зи нозҳои гулрухон чу бениёз меравам. Зи розҳои зиндагӣ яке нуҳуфта мешавад, Ба зери хок чун ниҳон чу дурҷи роз меравам. Забона мезанад басе тарона аз сағонаам, Чу дар дили замини тар таронасоз меравам. Агар тарози ин замин набудаам ба ҳастиям, Ба нестии хештан бад-ӯ тароз меравам. Зи ишқҳои кӯтаҳам набудаам забондароз, Зи шеърҳои кӯтаҳам забондароз меравам.