КУШТА ШУДАНИ СӮҲРОБ АЗ РУСТАМ
Дигарбора аспон бубастанд сахт,
Ба сар-бар ҳаме гашт бадхоҳ бахт.
Ҳар он гаҳ ки хашм оварад бахти шум,
Шавад санги хоро ба кирдори мум.
Ба куштӣ гирифтан ниҳоданд сар,
Гирифтанд ҳар ду дуволи камар.
Сипаҳдор Сӯҳроб он зӯрдаст
Ту гуфтӣ, ки чархи баландаш бибаст,
Ғамин гашт, Рустам биёзид чанг,
Гирифт он сару ёли ҷангӣ паланг.
Хам овард пушти диловар ҷавон,
Замона сар омад, набудаш тавон.
Задаш бар замин-бар ба кирдори шер,
Бидонист, к-ӯ ҳам намонад ба зер.
Сабук теғи тез аз миён баркашид,
Бари пури бедордил бардарид.
Ҳар он гаҳ ки ту ташна гаштӣ ба хун,
Биёлудӣ ин ханҷари обгун,
Замона ба хуни ту ташна шавад,
Бар андоми ту мӯй дашна шавад.
Бупечид, аз он пас яке оҳ кард,
Зи неку бад андеша кӯтоҳ кард.
Бад -ӯ гуфт, к-«Ин бар ман аз ман расид,
Замона ба дасти ту додам калид.
Ту з-ин бегуноҳӣ, ки ин кӯжпушт
Маро баркашиду ба зудӣ бикушт.
Ба бозӣ бигӯянд ҳамсоли ман,
Ба хок андаромад чунин ёли ман.
Нишон дод модар маро аз падар,
Зи меҳр андаромад равонам ба сар.
Ҳаме ҷустамаш, то бубинам-ш рӯй,
Чунин ҷон бидодам бад-ин орзуй.
Дареғо, ки ранҷам наёмад ба сар,
Надидам, дар ин ҳеч рӯи падар.
Кунун гар ту дар об моҳӣ шавӣ,
Ва ё чун шаб андар сиёҳӣ шавӣ,
Ва ё чун ситора шавӣ бар сипеҳр,
Бибуррӣ зи рӯи замин пок меҳр,