Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

АФКАНДАНИ СӮҲРОБ РУСТАМРО

Чу хуршеди рахшон бигустард пар, Сияҳзоғи паррон фурӯ бурд сар, Таҳамтан бипӯшид бабри баён, Нишаст аз бари аждаҳои дамон. Сипаҳро ду фарсанг буд дар миён, Кушодан наёраст як тан миён. Биёмад бад-он дашти овардгоҳ, Ниҳода зи оҳан ба сар-бар кулоҳ. Ҳама талхӣ аз баҳри бешӣ бувад, Мабодо, ки бо оз хешӣ бувад. В-аз он рӯй Сӯҳроб бо анҷуман Ҳаме май гусорид бо рудзан. Ба Ҳумон чунин гуфт, к-«Он шермард, Ки бо ман ҳаме гардад андар набард, Зи болои ман нест болош кам, Ба разм-андарун дил надорад дижам. Бару китфу ёлаш ба монанди ман, Ту гӯӣ, ки донанда барзад расан. Зи пову рикебаш ҳаме меҳри ман Биҷунбад, ба шарм оварад чеҳри ман. Нишонҳои модар биёбам ҳаме, Ба дил низ лахте битобам ҳаме. Гумоне барам ман, ки ӯ Рустам аст, Ки чун ӯ набарда ба гетӣ кам аст. Набояд, ки ман бо падар ҷанҷӯй Шавам хира, рӯ андарорам бар ӯй.» Бад-ӯ гуфт Ҳумон, ки «Дар корзор Расидаст Рустам ба ман чанд бор. Шунидӣ, ки дар ҷанги Мозандарон Чӣ кард он сипаҳбад ба гурзи гарон? Бад-ин рахш монад ҳаме Рахши ӯй, Валекин надорад паю пахши ӯй. Ба шабгир чун бардамид офтоб, Сари ҷангҷӯён баромад зи хоб. Бипӯшид Сӯҳроб хафтони разм, Сараш пур зи разму дилаш пур зи базм. Биёмад хурӯшон бад-он дашти ҷанг, Ба чанг-андарун гурзаи говранг.