БОЗГАШТАНИ РУСТАМ ВА СӮҲРОБ БА ЛАШКАРГОҲ
Бирафтанду рӯи ҳаво тира гашт,
Зи Сӯҳроб гардун ҳаме хира гашт,
Ту гуфтӣ зи ҷангаш сиришт осмон,
Наёсояд аз тохтан як замон.
Дигарбора зер-андараш оҳан аст,
Шигифтӣ равон асту рӯинтан аст.
Шаби тира омад сӯи лашкараш,
Миён суда аз ҷангу оҳан бараш.
Ба Ҳумон чунин гуфт, к-«Имрӯз ҳур
Баромад, ҷаҳон кард пурҷангу шӯр.
Шуморо ба сар з-он савори далер,
Ки ёли ялон дошт, чанголи шер,
Чӣ омад? Шуморо чӣ гуфту чӣ кард?
Ки ӯ буд ҳамзӯри ман дар набард.
Чӣ кард ӯ або лашкарам сар ба сар,
Ки чун ӯ надонам ба гетӣ дигар?
Яке пирмард аст бар сони шер,
Нагардад зи ҷангу зи пайкор сер.
Надонам ба гирди ҷаҳон сар ба сар,
Кӣ бандад гаҳи кина чун ӯ камар.»
Бад-ӯ гуфт Ҳумон, ки фармони шоҳ
Чунин буд, к-аз эдар наҷунбад сипоҳ.
Ҳама кори мо сахт босоз буд,
Ба овардгаҳ гаштан оғоз буд.
Биёмад яке марди пархошҷӯй,
Бад-ин лашкари гашн бинҳод рӯй.
Ту гуфтӣ, зи мастӣ кунун хостаст,
Ки ин ҷангро як тан оростаст.
Зи ҳар сӯ пароканда гарди набард,
Зи лашкаргаҳи мо басе кушт мард.
В-аз он пас бад-он лашкари хеш рӯй
Ниҳоду ҳаме рафт дар пӯяпӯй!
Чунин гуфт Сӯҳроб, к- «Ӯ з-ин сипоҳ
Накард аз далерон касеро табоҳ.
Аз эрониён ман басе куштаам,
Заминро ба хун чун гил оғуштаам.
В-аз ин бар шумо ҷуз назора набуд,
Валекин наёмад касе худ, чӣ суд?!