РАЗМИ РУСТАМ БО СӮҲРОБ
Ба овардгаҳ рафту найза гирифт,
Ҳаме монда аз гуфти модар шигифт.
Яке танг майдон фурӯ сохтанд,
Ба кӯтоҳнайза ҳаме бохтанд.
Намонд эч бар найза банду синон,
Ба чап боз бурданд ҳар ду инон.
Ба шамшери ҳиндӣ баровехтанд,
Ҳаме з-оҳан оташ фурӯ рехтанд.
Ба захм - андарун теғ шуд рез-рез,
Чӣ захме, ки пайдо кунад растахез.
Гирифтанд аз он пас амуди гарон,
Ҳаме кӯфтанд он бар ин, ин бар он.
Зи нерӯ амуд андаромад ба хам,
Чамон бодпоёну гурдон дижам.
Зи аспон фурӯ рехт баргустувон,
Зиреҳ пора шуд бар миёни гавон.
Фурӯ монд аспу диловар зи кор,
Якеро набуд дасту бозуш ёр.
Тан аз хай пуробу даҳон пур зи хок,
Забон гашта аз ташнагӣ чок-чок.
Як аз дигар истод он гоҳ дур,
Пур аз дард бобу пур аз ранҷ пур.
Ҷаҳоно, шигифтӣ зи кирдори туст,
Шикаста ҳам аз ту, ҳам аз ту дуруст.
Аз ин ду якеро наҷунбид меҳр,
Хирад дур буд, меҳр нанмуд чеҳр.
Ҳаме баччаро боздонад сутур,
Чи моҳӣ ба дарё, чи дар дашт гӯр.
Надонад ҳаме мардум аз ранҷу оз
Яке душманеро зи фарзанд боз.
Ба дил гуфт Рустам, ки ҳаргиз наҳанг
Надидам, ки ояд бад-ин сон ба ҷанг.
Маро хор шуд ҷанги Деви Сапед,
Зи мардӣ шуд имрӯз дил ноумед.
Зи дасти яке носипардаҷаҳон,
На гурде, на номоваре аз меҳон.
Ба серӣ расонидам аз рӯзгор,
Ду лашкар назора бад-ин корзор.