Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ТОХТАНИ СӮҲРОБ БАР ЛАШКАРИ КОВУС

Чу бишнид гуфторҳои дурушт, Сари пурдилон зуд бинмуд пушт. Ниҳон кард аз ӯ рӯю чизе нагуфт, Аҷаб монд аз он гуфтаҳои нуҳуфт. Зи боло задаш тунд як пушти даст, Бияфкандаш, омад ба ҷои нишаст. Басе кард андешаҳои дароз, Зи ҳар гунае кард пайкор соз. Бубаст аз паи кина он гаҳ камар, Ниҳод аз сари сарварӣ тоҷи зар. Зиреҳрову хафтон бипӯшид шод, Яке тарги румӣ ба сар барниҳод. Гирифташ синону камону каманд Гарон гурзро паҳлави девбанд. Зи тундӣ ба ҷӯш омадаш хуну раг, Нишаст аз бари бораи тезтаг. Хурӯшиду бигрифт найза ба даст, Ба овардгаҳ рафт чун пили маст. Бурун омаду рои новард кард, Баровард бар чеҳраи моҳ гард. В-аз он пас дамон шуд ба пардасарой, Ба найза баровард боло зи ҷой. Ба кирдори гӯрон зи чанголи шер, Рамиданд аз вай сарони далер. Кас аз номдорони эронсипоҳ Наёраст кардан бад-ӯ дар нигоҳ. Зи пову рикебу зи дасту инон, Зи бозую он обдода синон. В-аз он пас далерон шуданд анҷуман, Бигуфтанд, к-инат гави пилтан! Нашояд нигаҳ кардан осон бад-ӯй, Кӣ ёрад шудан пеши ӯ ҷангҷӯй? В-аз он пас хурӯшид Сӯҳроби гурд, Ҳаме шоҳ Ковусро баршумурд. Чунин гуфт, к-«Эй шоҳи озодмард, Чигуна-ст корат ба дашти набард? Чаро кардаӣ ном Ковуси кай, Ки дар ҷанги шерон надорӣ ту пай?