Дар сояи абрӯ нигаҳат масту хароб аст,
Дар сояи абрӯ нигаҳат масту хароб аст,
Чун теғ зи сар даргузарад, олами об аст.
Ошиқ ба чӣ уммед занад фоли тамошо?
Дар олами найранги ту то ҷилва ниқоб аст.
Як ғунчаи бедор надорад чамани даҳр,
Шохи гули ин боғ саросар раги хоб аст.
Мо ғарқаи тӯфони хаёлем, вагарна,
Ин баҳр тунукмоятар аз мавҷи сароб аст.
Як дидаи тар беш надорем чу шабнам,
Дар қофилаи мо ҳама минои гулоб аст.
Парвонаи комиладаби пойи чароғем,
Дар кишвари мо болу пари рехта боб аст.
Фурсатталабӣ лозими анҷоми вафо нест,
То бисмили мо гарми тапиш гашт, кабоб аст.
Бемағз бувад донаи кишти амали
даҳр,
Дар риштаи мавҷ ар гуҳаре ҳаст, ҳубоб аст.
Ибратгаҳи имкон набувад ҷойи иқомат,
Дар дида нигаҳро ҳама дам по ба рикоб аст.
Дар ишқ ба маъмурии дил ғарра мабошед,
Ҳар ҷо қадами сел расидаст, хароб аст.
Бедории бахтам зи гули обилапоист,
То ғунча бувад, дидаи уммед ба хоб аст.
Чун ҷавҳари оина зи ҳайрат ҳама хушкем,
Ҳарчанд рагу решаи мо дар дили об аст.
Ҷуз сӯзу гудоз аз пари парвона нахондем,
Ин сафҳаи оташкада ҷузви чӣ китоб аст?
Бедил, зи суханҳои ту маст аст шунидан,
Таҳрики забони қаламат мавҷи шароб аст.