Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ҚАДАҲИ МАН

Дидани ғоратшуда Ҳиндустон, Ҳолати тоқатшикани ҳиндуён; Дидани як тӯдаи бедарду ғам, Мардуми бегона зи лутфу карам; Дидани бечора гадоёни роҳ, Мурдани сад марду зани бепаноҳ; Дидани бегонаи шайтонҳунар, Аз паси шайтонии худ судвар; Дидани майдони бародаркушӣ; - Сохтан аз хуни касон дилхушӣ; Дидани як сӯ ҳама вайронаҳо, Сӯи дигар серқабат хонаҳо; Дар дили мо кӯҳсифат зам шуданд– Кӯҳи бузурги аламу ғам шуданд. Манзараи боғу чаманҳои хуб, Софу кабудии самои ҷануб, Болу пари қомати нахли кабуд, Бешаи беқадду бари хушнамуд, Гардиши шаббодаи дарёи Ҳинд, Шуълаи моҳи нави шабҳои Ҳинд, Хотири моро нанамуданд шод, Мо Ватани хеш намудем ёд. Ёд намудем насими Ҳисор, Алмаато- мамлакати себзор, Ёд намудем канори Хазар, Водии Фарғонаи шаккарсамар, Қуллаи Помир, яхи Элбрус, Волга - ҳамон модари дарёи Рус. Ёд намудем рафиқони худ, Халқи пур аз меҳнати шоёни худ. Кист дар ин гуна дами пурмалол Суҳбати ёрон нанамояд хаёл; Кист нахоҳад дами беғам занад, Лашкари ғам яксара барҳам занад. Кай равад аз хотиру аз ёди ман Суҳбати як оилаи ҳамватан. Монда ба мағзи дилу ҷонам ниҳон Вохӯрии якшаба бо дӯстон.