ГУФТОР ДАР ОФАРИНИШИ ОЛАМ
Зи оғоз бояд, ки донӣ дуруст,
Сари мояи гавҳарон аз нахуст.
Ки Яздон зи ночиз чиз офарид
Бад-он, то тавоноӣ омад падид.
В-аз ӯ мояи гавҳар омад чаҳор,
Бароварда бе ранҷу бе рӯзгор.
Яке оташе баршуда тобнок,
Миён боду об аз бари тирахок.
Нахустин, ки оташ зи ҷунбиш дамид,
Зи гармиш пас хушкӣ омад падид.
В-аз он пас зи ором сардӣ намуд,
Зи сардӣ ҳамон боз таррӣ фузуд.
Чу ин чор гавҳар ба ҷой омаданд,
Зи баҳри сипанҷӣ сарой омаданд.
Гуҳарҳо як андар дигар сохта,
Зи ҳар гуна гардан барафрохта.
Падид омад ин гунбади тезрав,
Шигифтинамояндаи нав ба нав.
Абар доҳу ду ҳафт шуд кадхудой,
Гирифтанд ҳар кас сазовор ҷой.
Дар ӯ бахшишу дод омад падид,
Бубахшид донандаро, чун сазид.
Фалакҳо як андар дигар баста шуд,
Биҷунбид, чун кор пайваста шуд.
Чу дарёву чун кӯҳу чун дашту роғ
Замин шуд ба кирдори равшан чароғ,
Биболид кӯҳ, обҳо бардамид,
Сари рустанӣ сӯи боло кашид.
Заминро баландӣ набуд ҷойгоҳ,
Яке маркази тира буду сиёҳ.
Ситора ба сар-бар шигифтӣ намуд,
Ба хок-андарун равшаноӣ фузуд.
Ҳаме бар шуд оташ, фуруд омад об,
Ҳаме гашт гирди замин офтоб.
Гиё руст бо чанд гуна дарахт,
Ба боло баромад сароншон зи бахт,
Биболад, надорад ҷуз ин неруе,
Напӯяд чу пӯяндагон ҳар суе.