Об омаду гул омаду дилдор наёмад,
Об омаду гул омаду дилдор наёмад,
Ҷонам ба лаб омад, ки чаро ёр наёмад.
Гуфтам ба лаби об ба дилдор нишинам,
Афсӯс, ки об омаду дилдор наёмад.
Ин об, ки бе рӯйи ту ҷорист зи чашмам,
Дар кишти умеди дили ман кор наёмад.
Аз об шуда боғу гулистону чаман сабз,
3-инҳо ба ҷуз аз доғ маро бор наёмад.
Дар роҳи ғамаш ҷону дилу ҳушу хирад рафт,
Он шӯхи ҷафокори дилозор наёмад.
Ногуфта равам пеши ту сад бор, бигуфто,
Сад бор фузун гуфтаму як бор наёмад.
Ин буд ҳама умр муроди дили Айнӣ,
Сад шукр, ки ёр омаду ағёр наёмад.