ПУРСИДАНИ СӮҲРОБ НОМИ САРДОРОНИ ЭРОН АЗ ҲАҶИР
Чу хуршед бардошт зарринсипар,
Замона баровард аз чарх сар.
Бипӯшид Сӯҳроб хафтони ҷанг,
Нишаст аз бари ҷармаи нилранг.
Яке теғи ҳиндӣ буд андар бараш,
Яке миғфари хусравӣ бар сараш.
Каманде ба фитрок бар шаст хам,
Хам андар хаму рӯй карда дижам.
Биёмад яке, тунд боло гузид
Ба ҷое, ки эронсипаҳро бидид.
Бифармуд, то рафт пеши Ҳаҷир,
Бад-ӯ гуфт: «Кажжӣ наёяд зи тир.
Ба ҳар кор-дар пеша кун ростӣ,
Чу хоҳӣ, ки нагзоядат костӣ.
Сухан ҳар чӣ пурсам, ҳама рост гӯй,
Ба кажжӣ макун рою чора маҷӯй.
Чу хоҳӣ, ки ёбӣ раҳоӣ зи ман,
Сарафроз бошӣ ба ҳар анҷуман,
Аз Эрон ҳар он чи-т бипурсам, бигӯй,
Матоб аз раҳи ростӣ ҳеч рӯй.
Супорам ба ту ганҷи ороста,
Биёбӣ басе хилъату хоста.
В-ар эдун, ки кажжӣ бувад рои ту,
Ҳамон банду зиндон бувад ҷои ту.»
Чунин дод посух Ҳаҷираш, ки «Шоҳ
Зи ман ҳар чӣ пурсад зи эронсипоҳ,
Бигӯям ҳама, ҳар чӣ донам, бад-ӯй,
Ба кажжӣ чаро боядам гуфтугӯй?
Набинӣ ҷуз аз ростӣ пешаам,
Ба кажжӣ наёяд худ андешаам.
Ба гетӣ беҳ аз ростӣ пеша нест,
Зи кажжӣ батар ҳеч андеша нест.»
Бад-ӯ гуфт, к-Аз ту бипурсам ҳама,
Зи гарданкашону зи шоҳу рама.
Ҳама номдорони он марзро,
Чу Геву чу Тусу чу Гударзро,
Зи Баҳрому аз Рустами номдор,
Зи ҳар чи-т бипурсам, ба ман баршумор.