ҶОГАҲИ ХОЛӢ
Ҷогаҳи холист чун тирдони холӣ,
Тир аз он рафта кайҳо бар нишон...
Ҷогаҳи холист пур аз қаҳрамон,
Пур зи ёду ёдгори қаҳрамон.
Буд як субҳе, ки андар ҷогаҳаш
Хоб медид чеҳраи ҷононаро.
Хоб медид гармии оғӯшро,
Атрафшон ҷогаҳи шоҳонаро.
Дастҳо бо дастҳо печида буданд,
Моҳи танҳогард ҳасрат мекашид.
Ӯ дар он соат на ному қаҳрамонӣ,
Чашму рӯи дилбарашро хоб медид.
Ногаҳон бедор шуд аз шодию дид:
Бар сари болини ӯ биншаста модар,
Ашк мерезад, руху мӯ меканад,
Мекашад аз сина оҳи пуршарар.
Медиҳад бо дасти ларзон, бо ҳарос
Номаи марги ҷавониро ба ӯ.
Номаи қатъи хаёли дилбараш,
Номаи қатъи муҳаббат, орзу.
Ӯ ҳамон бедор шуд он субҳу рафт,
Ҷогаҳаш холию ноғундошта монд.
Баъд аз он модар варо боре нашуст,
То ки ояд бӯи фарзандаш аз он.
... Боз баъди чанд соли дарду мотам
Модар омад бар сари болини ӯ.
Ин на он болин, ки ояд бӯи фарзанд,
Ин на он болини атрогини ӯ.
Ин на он болин, ки бо сад орзу,
Бо сад андеша ҷавонӣ хуфтааст.
Ин ҳамон болин, ки дар он
бо хамӯшии муқаддас
Қаҳрамону қаҳрамонӣ хуфтааст.
Боз модар ашк рехт,
Боз рӯю мӯй канд.
Боз омад пеши чашмаш
Чеҳраю дидори фарзанд.
Боз ёд овард он субҳи касофатборро,