ПОСУХ ДОДАНИ ФАРИДУН ПИСАРОНРО
Чу бишнид шоҳи ҷаҳонкадхудой
Паёми ду фарзанди нопокрой,
Якояк ба марди гаронмоя гуфт,
Ки «Хуршедро чун тавонӣ нуҳуфт?
Ниҳони дили он ду марди палид
Зи хуршед равшантар омад падид.
Шунидам ҳама, ҳарчӣ гуфтӣ сухун,
Нигаҳ кун, ки посух чӣ ёбӣ зи бун.
Бигӯй он ду бешарми нопокро,
Ду бедоди бадмеҳри бебокро,
Ки гуфтори хира нааярзад ба чиз,
Аз ин дар сухан худ наронем низ.
Агар бар Манучеҳратон меҳр хост,
Тани Эраҷи номвартон куҷост?
Ки коми даду дом будаш нуҳуфт,
Сараш бо яке тангтобут ҷуфт.
Кунун чун аз Эраҷ бипардохтед,
Ба хуни Манучеҳр барсохтед?
Набинед рӯяш магар бо сипоҳ,
Зи пӯлод бар сар ниҳода кулоҳ.
Або гурзу бо ковиёнӣ дурафш
Замин гашта аз наъли аспон бунафш.
Сипаҳдор чун Қорани размхоҳ,
Чу Шопури Настӯҳ пушти сипоҳ.
Ба як даст Шедӯши ҷангӣ ба пой,
Чу Шерӯи шерафжани раҳнамой.
Чу шоҳи Талимону Сарви Яман
Ба пеши сипоҳ - андарун ройзан.
Дарахте ки аз кини Эраҷ бируст,
Ба хун баргу бораш бихоҳем шуст.
Аз он то кунун кини ӯ кас нахост,
Ки пушти замона надидем рост.
На хуб омадӣ бо ду фарзанди хеш,
Ки ман ҷангро кардаме даст пеш.
Кунун з-он дарахте, ки душман биканд,
Барӯманд шохе баромад баланд.
Биёяд кунун чун ҳижабри жиён,
Ба кини падар танг баста миён.