Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ХОНИ ПАНҶУМ ГИРИФТОР ШУДАНИ АВЛОД БА ДАСТИ РУСТАМ

В-аз он ҷо сӯи роҳ бинҳод рӯй Чунон чун бувад мардуми роҳҷӯй. Ҳаме рафт пӯён, ба ҷое расид, Ки андар ҷаҳон равшаноӣ надид. Шаби тира чун рӯи зангӣ сиёҳ, Ситора на пайдо, на тобанда моҳ. Ту хуршед гуфтӣ ба банд-андар аст, Ситора ба хамми каманд-андар аст. Инон Рахшро доду бинҳод рӯй, На афроз дид аз сиёҳӣ, на ҷӯй. В-аз он ҷо сӯи рӯшноӣ расид, Замин парниён диду яксар хавид. Ҷаҳоне зи пирӣ шуда навҷавон, Ҳама сабзаву обҳои равон. Ҳама ҷома бар тан-ш чун об буд, Ниёзаш ба осоишу хоб буд. Бурун кард бабри баён аз бараш, Ба хай - андарун ғарқа буд миғфараш Бигустард ҳар ду абар офтоб, Ба хобу ба оромиш омад шитоб. Лагом аз сари асп бардошт хор, Раҳо кард бар хеду бар киштзор. Бипӯшид, чун хушк шуд хӯду бабр, Гиё кард бистар ба сони ҳизабр. Чу дар сабза дид аспро даштбон, Кушодазабон шуд дамону данон. Сӯи Рустаму Рахш бинҳод рӯй, Яке чӯб зад гарм бар пои ӯй. Чу аз хоб бедор шуд пилтан, Бад- ӯ даштбон гуфт, к-«Эй аҳриман, Чаро асп дар хед бугзоштӣ, Бари ранҷ нобурда бардоштӣ?» Зи гуфтори ӯ тез шуд марди хуш, Биҷасту гирифташ якояк ду гӯш. Бияфшурду барканд ҳар ду зи бун, Нагуфт аз баду нек бо ӯ сухун. Сабук даштбон гӯшҳо баргирифт, Ғиревон аз ӯ монд андар шигифт.