ОМАДАНИ ЗОЛ БО НОМАИ СОМ БА НАЗДИ МАНУЧЕҲР
Кунун гӯш кун рафтану кори Зол,
Ки шуд зӣ Манучеҳри фархундафол.
Чу огоҳӣ омад сӯи шаҳрёр,
Ки омад зи раҳ Золи Соми савор,
Пазира шудандаш ҳама саркашон,
Ки буданд дар подшоҳӣ нишон.
Чу омад ба наздикии боргоҳ,
Сабук назди шоҳаш кушоданд роҳ.
Чу наздики тахт андаромад, замин
Бибӯсиду бар шоҳ кард офарин.
Замоне ҳаме дошт бар хок рӯй,
Бад-ӯ дод дил шоҳи озармҷӯй.
Бифармуд, то рӯяш аз хоки хушк
Сутурданду бар вай бибурданд мушк.
Биёмад бари тахти шоҳ арҷманд,
Бипурсид аз ӯ шаҳрёри баланд.
Ки «Чун будӣ, эй паҳлавонзода мард,
Бад-ин роҳи душвори бободу гард?»
«Ба фарри ту,-гуфто, ҳама беҳтарист,
Або ту ҳама ранҷ ромишгарист».
Аз ӯ бистад он номаи паҳлавон,
Бихандиду шуд шоду равшанравон.
Чу бархонд, посух чунин дод боз,
Ки «Ранҷам фузудӣ ба дил-бар дароз.
Валекин бад-ин номаи дилпазир,
Ки бинвишт бо дарди дил Соми пир,
Агарчи дилам гашт аз ин бас дижам,
Бар онам, наандешам аз бешу кам.
Барорам, бисозам ҳама коми ту,
Ки ин аст фарҷому анҷоми ту.
Ту якчанд мебош наздам ба пой,
Ки то ман ба корат занам нек рой.»
Бибурданд холигарон хони зар,
Шаҳаншоҳ биншаст бо Золи Зар.
Бифармуд, то номдорон ҳама
Нишастанд бар хони шоҳи рама.
Чу аз хони хусрав бипардохтанд,
Ба тахти дигар ҷой месохтанд.