Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ҲУНАР НАМУДАНИ ЗОЛ ДАР ПЕШИ МАНУЧЕҲР

Чу Зол ин суханҳо бикард ошкор, Аз ӯ шодмон шуд дили шаҳрёр. Ба шодӣ ҳама анҷуман баршигифт, Шаҳаншоҳи гетӣ зеҳозеҳ гирифт. Яке ҷашнгоҳе биёрост шоҳ, Чунон чун шаби чордаҳ чархи моҳ. Чашиданд май, то ҷаҳон тира шуд, Сари майгусорон зи май хира шуд. Хурӯшидани марди полойхоҳ Якояк баромад зи даргоҳи шоҳ. Бирафтанд гурдон ҳама шоду маст, Гирифта яке дасти дигар ба даст. Чу барзад забона зи кӯҳ офтоб, Сари номдорон баромад зи хоб. Биёмад камарбаста Золи далер, Ба пеши шаҳаншоҳ чун наррашер. Ба дастурии боз гаштан зи дар, Шудан назди солор-фаррух падар. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-«Эй некхӯй, Маро чеҳри Сом омадаст орзуй. Бибӯсидам ин пояи тахти оҷ, Дилам гашт равшан бад-ин фарру тоҷ». Бад-ӯ гуфт шоҳ: «Эй ҷавонмарди гурд, Як имрӯз низат бибояд супурд. Туро бӯяи духти Меҳроб хост, Дилат хоҳиши Соми Найрам куҷост?» Бифармуд, то санҷу ҳиндидарой Ба майдон дароранд бо каррной. Або найзаву гурзу тиру камон Бирафтанд гурдон ҳама шодмон. Камонҳо гирифтанду тири хаданг, Нишона ниҳоданд чун рӯзи ҷанг. Бупечид ҳар кас ба чизе инон Ба гурзу ба теғу ба тиру синон. Зи боло ҳаме дид шоҳи ҷаҳон, Зи гурдон ҳунар ошкору ниҳон. Зи Дастони Сом он саворӣ бидид, Ки на дида буду на аз кас шунид.