Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

АШКИ НАДОМАТ

Эй фиристода саломам, ба саломат бошӣ, Ғамам он нест, ки қодир ба ғиромат бошӣ. Гул, ки дил зинда кунад, бӯи вафое дорад, Ту магар соҳиби эъҷозу каромат бошӣ? Хонаи дил на чунон рехта дарҳам, ки дар ӯ Сар фуруд орию моил ба иқомат бошӣ. Дигарам ваъдаи дидор вафое накунад, Магар, эй ваъда, ба дидори қиёмат бошӣ? Шабнам овехт ба гулбарг, ки эй домани пок, Сазадат гар ҳама бо ашки надомат бошӣ. Мекунам бахти бади хеш шарики гунаҳат, То на танҳо ту сазовори маломат бошӣ. Эй ки ҳаргиз накунад, Соя, фаромӯш туро, Ёд кардӣ ба саломам ба саломат бошӣ.