Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар гулистоне, ки сарви ӯ набошад ҷилвагар,

Дар гулистоне, ки сарви ӯ набошад ҷилвагар, Шохи гул шамшери хунолудам ояд дар назар. Дасти ҷуръатҳо ба чини остин гардад бадал, То тавонад ҳалқа гардидан ба он мӯйи камар. То кунад равшан саводи мисраи абрӯйи ӯ, Менависад моҳи нав бисмиллаҳе бо оби зар. Барнадорад даст зангор аз камини оина, Ҳар киро завқи тамошо беш, кулфат бештар. Гар барад бӯи ҳаловатҳои саргардониям, Найшакар ҷӯшад ба ҷои гирдбод аз дашту дар. Дар тамизи обу ранги сарву гул орӣ мабош, Лафзи мавзун дигар асту маънии рангин дигар. Олами имкон намеарзад ба чандин ҷустуҷӯ, З-ин раҳ охир мебарӣ худро, дигар заҳмат мабар. Маҳви шавқам, туҳматолуди фусурдан нестам, Дар гиребони тааммул қатраҳо дорад гуҳар. Файзҳо маҳв аст дар оғӯши бахти тираам, Шоми ман ҷойи нафас умрест медуздад саҳар. Андаке пеш о, ки ҳайрат норасои ҷуръат аст, Чашм аз оина натвон дошт парвози назар. Дил на танҳо, Бедил, аз барқи таманно сӯхтем, Дида ҳам аз мардумак дорад гули доғе ба сар.