Майли шакли абрӯят дорам дар ин фирӯзатоқ,
Майли шакли абрӯят дорам дар ин фирӯзатоқ,
Бо қади хамгашта тоқам зери ин нилиравоқ.
Ҳар қадаҳ к-аз соқии даврам расад дур аз лабат,
Гарчи шаҳди ноб бошад, заҳрам ояд дар мазоқ.
Барқе аз сарманзили ҷонон дурахшидан гирифт,
Бар дили бечора Маҷнун тоза шуд доғи фироқ.
Бо ту дорам сирри дил, чун шишаи май дар миён,
Гӯ, мазан ҳар сифла чун хум…19 таъни нифоқ.
19 Дар дастхатт калима афтодааст
Сарви қаддат дар миёни ҷон даромад, в-арна буд,
Чашму абрӯи туро дар бурдани он иттифоқ.
Муниси ҷонам ту хоҳӣ буд, агар худ филмасал,
Хизр бо ман ҳамсафар гардад, Масеҳо ҳамвисоқ.
Ҷомӣ, аз мулки Хуросон бо хушилҳон мутрибе
Ин ғазалро кун равон машҳун ба шарҳи иштиёқ.
То туфайли лаҳни ӯ созад суруди базми хеш,
Хусрави Табрезу шоҳи Форс, султони Ироқ.