Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Чун ҷамоли худ ҳам андар худ тамошо кард ишқ,

Чун ҷамоли худ ҳам андар худ тамошо кард ишқ, Наъту номи ошиқу маъшуқ пайдо кард ишқ. Буд ошиқ ботину маъшуқ зоҳир шуд ба акс, Сирри ботинро чу дар зоҳир ҳувайдо кард ишқ. Худ ба худ медид худро баҳри такмили зуҳур, Бар ману ту ҷумла дар миръоти ашё кард ишқ. Чун зи ашё ҳар яке миръоти исми дигар аст, З-он мароӣ бар дили мо кашфи асмо кард ишқ. Чун зи асмо ҳасби имкон ҳаззи худ бардоштам, Рӯи сирри мо зи асмо дар мусаммо кард ишқ. То набинад дар ҳама кавну макон ҷуз нури ӯ, Чашми Ҷомиро ба нури хеш бино кард ишқ.