Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Зиҳӣ даҳони ту кони шакар, лабон шангарф,

Зиҳӣ даҳони ту кони шакар, лабон шангарф, Шикори чашми ту ҳурони қосирот-ал-тарф. Ду ҷӯи хун зи ду чашмам ба сафҳаи рухи зард, Чу ҷадвалест мусанно кашида аз шанҷарф. Магӯй ло чу зи лаъли лаби ту хоҳам ком, Ки мекунад зи дилам нафй ҷинси сабр ин ҳарф. Набурд сарфа зи тасрифи даҳр ҷуз пирӣ, Ки кард нақди ҷавонӣ ба ишқи хубон сарф. Чӣ сон барем зи дарёи ишқ раҳ ба канор? Наҳанг ҳодиса, киштӣ шикофу дарё жарф. Баҳори умрам агар на бадӣ расид аз пай, Чаро нишаст ба фарқам баёзи шайб чу барф? Зи ҷоми ҳусни ту Ҷомӣ кашид бодаи ишқ, Мазиди ҷудат мазруф шуд латофат зарф.