Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Беҳ аз кудурати зуҳду риёст бодаи соф,

Беҳ аз кудурати зуҳду риёст бодаи соф, Биёр бода, ки болои тоат аст инсоф. Куҷост хонаи он моҳи хонагӣ, ки кунем, Зи шавқи соҳиби хона ба гирди хона тавоф? Ғуломи пири муғонам, ки лутфи машраби ӯ, Ба зуҳду тавба зи май хӯрданам надошт маоф. Чӣ суд аз он ки ба тақлиди хоҷа мӯй сутурд, Чу дар дақоиқи таҷрид нест мӯйшикоф. Сарам ба афсари шоҳӣ фурӯ намеояд, Вале зи хидмати риндон надорам истинкоф.18 Ба далқу сабҳа малоф аз тасаввуф, эй сӯфӣ, Ки пеши аҳли сафо нест хуш тасаввуфу лоф. Чу хоки пойи худам хондаӣ зи рафъати қадр, Ба хоки пок, ки мустазҳарам бад-ин алтоф. Марост вақфи ғамат ҷону дил, биҳамдиллоҳ, Ки садри шоҳ надорад вуқуф аз ин ваққоф. Ба садри мастаба ин бас саодати Ҷомӣ, Ки аз акобири ин шаҳр нест в-аз ашроф.