Он тиҳидаст чӣ хуш гуфт майи лаъл ба каф,
Он тиҳидаст чӣ хуш гуфт майи лаъл ба каф,
Ки хуш он кас, ки ба май ҳосили худ кард талаф.
Сарф кун дар раҳи май ҳарчи ба даст аст туро,
Ки навои тараб аз дасти тиҳӣ дорад даф.
Саф кашиданд ба майхона ҳама хумшиканон,
Сафдаре, кӯ ки ба ҳиммат бидаронад ин саф.
Захми пайкони туро бар дигаре напсандам,
Ҳа куҷо тирзане синаи ман бод ҳадаф.
Шарафи одамӣ аз ишқ бувад ҳар кӣ нашуд,
Ошиқ ӯро набувад бар дигарон ҳеч шараф.
Ҷомӣ, аз шеър макун бас, ки диҳад охири кор,
Зодаи табъи ту хосияти фарзанд халаф.
Тарбият гарчи дар аввал зи садаф ёфт гуҳар,
Ҷуз туфайли гуҳар охир, кӣ барад номи садаф.