Чанд савол эй писар, ки чист тасаввуф,
Чанд савол эй писар, ки чист тасаввуф,
Тасфия кун хотир аз ғубори такаллуф.
Дур неҳ аз ҳарчи ҳаст пойи таманно,
Боз каш аз ҳарчи ҳаст дасти тасарруф.
Таънаи покон мазан, ки рӯйи худ олуд
Ҳаркӣ фиканд аз замин бар рӯйи фалак туф.
Нури муҳаққақ фаро гирифт ҷаҳонро,
Шамъи муқаллад фурӯ нишаст ба як пуф.
Ҳарки дар ин ҷилвагоҳ кард дубинӣ,
Сӯзадаш охир ҷигар ба доғи таассуф.
Дидаву дидор фил-ҳақиқа яке буд,
Чашми Зулайхо чу дид талъати Юсуф.
Маҳбати ирфон нагашта ҷони ту Ҷомӣ,
Дарси авориф чӣ суду баҳси таарруф.