Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
А
Адибаи Ҳабиб

Ноз дорад тифлӣ дар хоби ширинам то ҳанӯз

Ноз дорад тифлӣ дар хоби ширинам то ҳанӯз, Шод бо ёдаш дили кӯдак баринам то ҳанӯз. Медурахшад ёқути он фасли пуршавқу шарар Дар миёни ҳалқаи ангуштаринам то ҳанӯз. Дил хумори лаҳзаи дидори аввал мекунад, Себи сурхи додааш дар остинам то ҳанӯз. Сабрро гуфтам: Чӣ эҳдо мекунӣ? Гуфто: Тараб, Бо ғаму ранҷу тааб ёру қаринам то ҳанӯз. Зиндагӣ рондам канор аз давраҳои оқилон, Кӯдакона бо фасона ҳамнишинам то ҳанӯз. Модари айём дар дегаш диламро хуш напухт, Содаҷӯву содагӯву содабинам то ҳанӯз. Дар дабистони вафову ишқ устодам, вале Илми вазни шеърро нодонтаринам то ҳанӯз. Дӯст медорам фироқашро зи васлаш бештар, Ӯ чунин устод ҳасту ман чунинам то ҳанӯз.