Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
А
Адибаи Ҳабиб

Аз дафтари нигоҳат дилнома хонд чашмам

Аз дафтари нигоҳат дилнома хонд чашмам, Бар шикваномаҳояш сенуқта монд чашмам. Дил кард аз нав иншо барномаи табассум, Дар саҳнаи таманно гавҳар фишонд чашмам. Дебочаи муҳаббат чун хондам аз нигоҳат, Бар тахти бахти дидор дилро нишонд чашмам. Ҳайфо, набуд ҷуръат, то чашм бар ту дӯзам, Аз чашми каҷнигоҳон андеша ронд чашмам. Афсонаи нигоҳат нохонда монд он рӯз, Қасдаш зи ашкҳои пинҳон ситонд чашмам. Аз ишқ, заҳри ширин, аз дард, дарди дерин Бар чашми интизорат ногуфта монд чашмам. Нагзошт шарм, нӯшам аз шаҳди ҷоми дидор, Бар чашмаи нигоҳат лабташна монд чашмам.