Гӯянд, ки Сӯх...
Таҳминаи бемисоли мо - Сӯх,
Дар ҳусн шуда ягона, ай шӯх.
Тӯмори ту бозубанди Рустам,
Ёри ба ту интизор - Ворух.
Ҳамқисмати ман, биҳишти дурам,
Ай модари мушфиқи чу ҳурам.
Ман ташнаи шири Обишират,
Як ҷуръа бидеҳ, физой зӯрам.
Кокули ману хумори найсон
В-он ёри басе қавию хандон.
Пудинаи хушбӯйи баногӯш
Бар хотират ор, ҷӯйи Ровон.
Ман ошиқи он ду чашми ёрам,
Дилдода ба Чашмаи диёрам.
Гар ёр зи он диҳад кафи об,
Замзам ба забон дигар наёрам.
Гӯянд, ки Сӯх - Суғди паҳно,
Як пора китоби хубу хоно.
Гӯ, аввалу охират куҷо шуд,
Ай куҳнакитоб ҳамчу дунё?
Кай бошаду кай ба ҳам нишастан?
Бас дида ба рӯйи ҳам бибастан!
Рустам, бикушо, ту дидаи қалб,
Таҳминаи худ намон гиристан!
Синҳори базеби Золи мо - Сӯх,
Волидаи баркамоли мо - Сӯх.
Ворух бинамо, ҷаҳон бибинад,
Таҳминаи бемисоли мо - Сӯх!