Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Хумори зодгаҳ

Гулпараки хаёли ман ҷилва агар саҳар занад, Атри хуше зи зодгаҳ ба боли шоҳпар занад. Боди сабои нозанин домани ноз чун кашад, Бол кабутари дилам ба шеваи дигар занад... Пояи меҳр дидаӣ, ҳон, ки ҷаҳон бигаштаӣ, Лозури беқиёс бин, чу шамс бар Лазар занад! Оби Тагоби босафо ҷорӣ шавад таг-таги деҳ, Таппиши қалби ман шунав, "так-так"-и шодӣ дар занад. Ёд биёрӣ тифлакат, модари ҷонам, Обишир? Моҳии ширтан бубин, мавҷ ба мавҷ сар занад. Ба куҳи Суратӣ гузар, занг зудо зи Ойина, Акси ниёи худ нигар, зиё ба баҳру бар занад! Аз бари Лембур чаро буридаанд роҳи Канд, Санги арӯс дар Давон оҳ, ки аз ҷигар занад? Душмани ваҳдати башар рӯз набинад, ай Худо, Қуте наёбад оқибат, на ош, бал кавар занад.