Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ҳосили умр маро

Гуфтаанд, ҳафтоди умр Яъне, зи пой афтодан аст, Аз даромад то баромад - як қадам раҳ, Ин саройи кӯҳнаи дудар ба кас Ҷойи оромидан аст? На, Чун даровардӣ сарат бар ин макон, Лоҷарам, мебароӣ доманкашон бо оҳу воҳ Рӯзе аз он. Во алам, Дамгаҳи дарбачаро наздик манам, Асби чӯбӣ пойкӯбон мезанад маҳмез. Ҳммм... вақт басе кам... Корҳои нокарда бисёр... Пас чӣ бояд карданам? Чун ҳанӯз андар рагу пайванди ман Заррае боқист нирӯи зотиам, Боядам бардоштан ғалбери умрамро зи об, То бибинам, ки зи умри рафтаам Монда ҳосил? Ё нишон? Баччаву кучча? Шукр, ҳама бо пойи хеш Аз пайи дарёфти рӯзӣ медаванд. Бигзор, бо некномӣ даванд. Во аҷаб, аз бароям танҳо тане Ҳамгуни ман Бо алам Ашк марҷон мекунад (Вою сад вовайл, Мондааст дар раҳи мавлон хомаам). Қатра-қатра, Чакра-чакра ашкҳои чашми килкам Аз азми якумрии ман монда нишон. Ҳо, бале, КИЛК гоҳе асли МАРЯМБОНУ буд, МАРЯМи дармонда дар ботлохи ғам Вақти нангу номусу ор Баҳри МИЛЛАТ,