Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ғазал омад

Ба сад шӯру мағал омад, Чу ёри бебадал омад! Ба фасли дай баҳоре шуд, Ки Наврӯзи азал омад! Ба шаб н-омад чу шаббода, Саҳар гул дар бағал омад! Бишуд равшан дилу дида, Чу доруи касал омад! Ба Хусрав Ширин омад, гӯ, Ки ширин аз асал омад! Ба дидорам малак омад, Парие бар масал омад! Мушаххас, ҷон ба тан омад, Ғизол омад - ғазал омад!!!