Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Олим ар оқил набошад

Вақти он аст, эй ҳамқалам, Вақти он аст, эй ҳамдилу эй ҳамқадам, Баҳри ҳифзи "Ӯ" бихезӣ дар каф алам! Вақти он аст, аё ҳаммиллати ман, Худро сипар созӣ барои ҳарфи маънодори "Ӯ" То ки як мушт камсаводон Панҷа бар панҷаи Айнӣ наандозанд, Дарнаафтанд Бар алайҳи номусу нангу ори ӯ! Бим дорам, Бар тахтапушти Қаҳрамон Нотавонбинои сияҳдил Гаҳ ниҳон, гаҳ ошкор Бо заҳри забон "Чӯб мезананд" (Гӯиё чӯби манғит кам бошад), Бо ғараз гаҳ чун ҳарифе алайҳаш Ҳарфи нохуб мезананд... Ҳар касе, ки душманӣ бо ҳарфи "Ӯ" дорад, Ӯ надорад ҳарфи дӯстию муҳаббат, Ҳамнишин бо зиллати миллат бувад! Бешак бувад иллат ба миллат - Душмани Айнӣ бувад. Дарк чун натвон кунанд: "Ӯ" фақат як ҳарф нест! Чун кулоҳаш Як нишон аз тоҷи тоҷик будан аст! Як нишони хоси форсии тоҷикӣ бувад! Як нишон аз рӯду барбат, Як нишон аз рӯди Рӯдак, Як нишон аз зангӯлаи шӯхоби Зарафшон, Ҳам нишон аз лафзи Дарвозу ганҷи Бадахшон! Ҳон, эй нимчамулло, Нимчаолим, нимчасолимон, Кай бувад хештан шиносед, то бидонед, Як ҳарф гоҳ ноҷо шавад Ҳамчу хиште аз бинои як тамаддун, Ритм вайрон мешавад,