Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

“Обро аз рӯшноӣ кун қиёс”

“Обро аз рӯшноӣ кун қиёс”, Сирати мо аз нигоҳи дил шинос. Ҳою ҳуйи маҷлиси унс аз куҷост? Гашт пур аз ашки хунполой тос! Ёд кун аз ною аз Мавлои мо, Мӯй баркан, ҳам гиребон аз либос. Мо ҳариси молу сарват, сер не Чашм моро аз либосу аз палос... Мо худиро пушти по худ мезанем, Гоҳ пешипо диҳемаш... Алғиёс! Зери чанги пешгомон мондаем, Пасравимон хоси ом(м) асту хавос(с). Мушаки ҳамсоягон дар гирди Моҳ, Муштаки беҳосили мо беқиёс. Ҷуръати ҳамсуҳбатӣ бо Маҳ куҷост? Мо ба чоҳи худфиребию ҳарос. Мо "ҷанубӣ"-ву "шимолӣ" мондаем: Ваҳдату якпарчагиро носипос... Ҳарфи "Ӯ"-ро рондаи дар кардаем, Аз халоиқ мо накарда пурсупос?! Вови маҷҳул ҷоятонро танг кард? "Гӯл" "гул" шуд, кор хубу мо халос? Чун Шакурӣ рафт аз мо, во дареғ, “Олимон”-и мо шуда "питзо"-шинос. Тоҷикам! Ин “пешрафтан” аз куҷо?! Аз худӣ бигрехтан бар чӣ асос?! Боркаш харро куҷо бошад аён Тӯбраи саргин ба пушташ ё ривос? Мо, ки насли Одаму Ҳаввостем, Пас, чӣ сон бошем бе фикру ҳавос? Дӯстиро мисли Турсунзода ҷӯй, Забт мекун қалбҳои ношинос.