Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Марямбонуи Фарғонӣ
Марямбонуи Фарғонӣ

Ба гӯши ҷони ман зи нав нағмаи тор мерасад!

Ба гӯши ҷони ман зи нав нағмаи тор мерасад! Зи мулки дил ба сад наво савти ҳазор мерасад! Шибир-шибир ба боми мо чағона мезанад касе, Чӣ хушгувор мезанад! Магар баҳор мерасад?! Ба сӯйи ман парад агар бариди дил - кабутарак, Дигар ғаме намехӯрам, паёми ёр мерасад! “Биё-биё! Биё-биё!”- нолаи сори беқарор Зи боғу роғ мерасад, зи шохсор мерасад! Биё, бале, биё кунун, ошиқи зори зуфунун! Кушода сарҳаду фазо, турнақатор мерасад! Намерасад ба Ҳақ касе, чу фарди ҳақталош нест, Ба гӯши Ҳақ “Аналҳақ”-ам зи пойи дор мерасад! Нидои ёри ман агар зи Чочи бостон расид, Навои “Мавригӣ” дигар зи ҳар диёр мерасад! Қасам ба шири модарам ҳамехӯрад бародарам, “Садои Сӯх” -и тоҷикӣ ба рӯйи кор мерасад! Гирифта шира шеъри ман сапедадам зи Обишир, Хумори шеъри тар куҷо, ки дилфигор мерасад! Бало ба дур, дидаҳо зиёи нав гирифтаанд, Нагӯ, ки Аҳриман зи нав ба ҷойи ёр мерасад... Насими ишқи наврасӣ, вазиши тозае бикун, Зи шаш ҷиҳат ба мулки қалби ман баҳор мерасад!