Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Неру Эроншо
Неру Эроншо

Бар дари ноҳақ мазан, ноҳақ гадоят мекунад

Бар дари ноҳақ мазан, ноҳақ гадоят мекунад, З-он ки бар май бода ҷустан, бас ҳаромат мекунад. Дар дили ҳар нохалаф ишқи Худоро ту маҷӯй, З-он ки аз фаҳмиш туро, ғарқи гуноҳат мекунад. Дар тани худ сабр парвар, ҷомаи хилқат мапӯш, Чунки сабрат дар ҷудоӣ бевафоят мекунад. Бар савоби дил бикӯшу, худ ғуломи ишқ машав, З-он ки дар ишқ бардакорӣ, бебаҳоят мекунад. Дӯстдори дин бошу ҳамраҳи шайтон машав, Чунки дар айни ҷавонӣ пургуноҳат мекунад. Шишаи дилро нигаҳ дор, шарм дар осудагӣ, З-он ки шарм аз айши дунё, беҳаёят мекунад. Бар дилат оташ маяндоз, кибру кинро дур кун, Чунки ин кибру ғурурӣ, худ фаноят мекунад. Доимо ишқи Худоро асл бар дил гиру савм, З-он ки Неру рӯзадорӣ поку софат мекунад.