Одамият
Бигӯ ту салом ҳар дам ба камоли одамият,
Ки ту кай хабар дорӣ, зи видои одамият?
Зи камини ақл гӯям, аҷаб ай замонае шуд,
Мисал аз замонаи пул, ба замони одамият.
Суханони ҷаҳди ҳурмат, ки маҳоли меҳтаронанд,
Ту ба кеҳтарӣ бипардоз, чу ба адли одамият.
Сухан аз калимаи дӯст, зи вафои дӯстдорист,
Чу зи ту карам найёбад, ба ту нақзи одамият.
Зи Худо туро ирс аст, то ба байзае гузинӣ,
Ин на шаҳват аст эй дӯст, зи ту ирси одамият.
Ба Худо сухан саҳеҳ аст, ки зи марду зан ояд,
Ин замон ҳазор ҷинсе, ба маҳоли одамият.
Зану мард, ки ҳамҷинсанд, то ба пуррагӣ шиносанд,
Кай шаванд умеди бистар, зи ду марди одамият.
Одам аст калимаи ақл, ки варо Худо бидодаст,
Чу баҳоиме шудааст он, зи тиҳии одамият.
Сухан аз камол ояд, то ту бишнавӣ ай дӯст,
Ин сухан карам набошад, ба камоли одамият.
Ин сухан, ки ман нагуфтам, чу бигӯфт шайх Саъдӣ,
Чу Неру фасонае гуфт, ба замони одамият.