Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
С
Сафаров Эхсон Абдуллоевич

Ишки Дилбар🫀

ИШҚИ ДИЛБАР ❤️‍🔥 Дар дилам он ишқи дилбар шӯълавар бошад мудом, Зулфи ӯ дар канори чашми тар бошад мудом. Ҳар гаҳе бо ёди рӯяш сар ба бистар мениҳам, Боз дар хобам аёнаш ҷилвагар бошад мудом. Дидаи ӯ бар дили ман тирҳо бифкандааст, Дил ба ишқи поки ӯ ҳам дар сафар бошад мудом. Гуфтамаш: «Эй маҳҷабину дилрабо, эй хушнаҳол, Чашми ман аз ҳасрати ту хунҷигар бошад мудом». Ханда карду гуфт: «Мункӣ, қиссаи ишқат магӯ, Ишқи ту бо покии он пушти дар бошад мудом!» Мункӣ ✍️