Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Ту шаҳи ҳусну ман гадо

Эй қади ҷилвапарварат, нахли хадиҳаи вафо, Ҷӯши сафои оразат ранги баҳори муддао. Субҳ ниқобат, эй парӣ, то ки фикандӣ дар чаман, Чид саросар аз арақ шиша ба рӯи гул ҳаё. Нақди хазона буд агар Юсуфи Мисрро баҳо, Ҷони азизи ошиқон васли туро бувад фидо. Чун ба ҳарими суҳбатат роҳ барам, ки мебувад Рӯи ту моҳу дил катон, ту шаҳи ҳусну ман гадо. Дар пайи маҳмили ғамат, шӯри ҷунуни нолаам Пой заду шикаст сар, замзама баст бар диро. Дар таку този ҳарза дил, худ на ҳамин шудам хиҷил, Ҳамчу сиришкам об кард саъйи ҷунуни норасо. Бехабар аз фусуни он наргиси нотавон машав, К-аз пайи ҷодуӣ ба каф бошадаш аз мижа асо. Эй ки дил аст ҷои ту, ҷон шуда мубталои ту, Пардакаши санои ту, Ҷавҳарии сухансаро.