Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Паймонаи дилҳо

Сафоул айши мавкуфун бикаъсин минка фабзилҳо, Кадиштоқат лаҳо нафсӣ ҳабибӣ ло тумотилҳо. Биёр он нуқли софу гавҳари рахшанда, эй соқӣ, Ки аз аксаш шавад гетинамо ойинаи дилҳо. Ба ҷуз саҳбо илоҷи дарди махмурон кӣ месозад? Фасубҳан лӣ ва лоан фӣ аноотин ва новилҳо. Шарор аз барқи май дар шишаи фарҳангу фитрат зан, Ки дар кори ман аз завқи шуур афтод мушкилҳо. Сабуксайрони роҳи Каъбаи ишқи туро нозам, Ки бар дӯши сабо барбастаанд аз шавқ маҳмилҳо. Ба дафъи бедимоғиҳои муштоқон напардозӣ, Гудози ҳасрат аз аҷзояшон сомон кунад гилҳо. Дами теғи нигоҳи обдораш аз чӣ кайфият? Ки хун меҷӯшаду мастона мерақасанд бисмилҳо, Ҳарими сина то хилватсарои хоси ҷону дил Пайи ташрифи ӯ кардем дар худ тарҳи манзилҳо. Ба даст афсурда созе дошт ишқи Қайсу Фарҳодаш, Кунун аз пардаи мо шуд навопардози маҳфилҳо. Қадам зан дар муҳаббат, бар хилофи нафс раҳ сар кун. Фаин саддат алайканнаҳҷа ҷоҳидҳо ва қотилҳо. Ба таҳқиқи каломи аҳли дил, зоҳид, чӣ мепечӣ? Нагардад сирри мавҷи баҳр нақди ҷайби соҳилҳо. Фақул раббӣ ало мансоҳа фӣ ҳозаннамат сабқан, Саҳобалфазли амтир раҳматан кал ғайси андилҳо. Ба таҳрироти килки сафҳаороям тамошо кун, Ки завқаш сина бикшояд ва илло даъ ва аҳмилҳо. Дил аз худ рафту ҷон шуд маҳв, то ҳуснаш ба ёд омад, Бале, ҳар ҷо ки тобад меҳр, нопайдо шавад зилҳо. Ба оҳанги татаббуъ булбули ширинаво гаштӣ, Фатаммам Ҷавҳарӣ, Савтарравӣ хайран ва каммилҳо.