Хуш он ошиқ, ки дорад дар баҳори шавқҷӯшиҳо
Ба ёди лаълаш аз хуни дили худ боданӯшиҳо.
Ҳузури ҷилваи ӯ эҳтишоме дар дилам дорад,
Ки менолад нафас дуздида аз ҳайратсурӯшиҳо.
Зи сози лаб кушудан ғунча бинад сад парешонӣ,
Бувад шерозаи ҷамъияти дилҳо хамӯшиҳо.
Сафо хоҳӣ, хаёли ғайр пок аз синаи худ кун,
Ки бошад хубии ойинаҳо дар бенуқушиҳо.
Ба дониш ғарра натвон шуд, ки устоди малоик ҳам
Зи найранги қазо воқиф нашуд бо тезҳушиҳо.
Ту рангу бӯи таҳқиқ аз гули тақлид камтар ҷӯ,
Нахоҳад гашт сӯфӣ ҳар қас аз пашминапӯшиҳо.
Кади худ хам макун аз баҳри дунё пеши ҳар нокас,
Манеҳ бори мазаллат бар худ аз миннатбадӯшиҳо.
Зи ёрон магзар аз номардумиҳо, к-аз назар афтӣ,
Шикасти қадри худ мапсанд аз одамфурӯшиҳо.
Ҷаҳон асфсонаҳо бисёр дорад гӯши худ кар кун,
Ки гардад вақтро дил доғ аз ҳасратниюшиҳо.
Ба гулзори сухан, эй Ҷавҳарӣ, афсурдагӣ то кай?
Ки фасли гул назебад булбулонро бехурӯшиҳо.