Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Зуфархон Ҷавҳарӣ
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Дил бурд раънои дигар

Боз ин дили мафтуни ман дорад таманнои дигар, Гул карда аз Маҷнуни ман савдои Лайлои дигар. Дод аз дили ғампарварам, к-ошуфта дорад яксарам, Яъне ки орад дар барам, ҳар лаҳза ғавғои дигар. Оҳам шарарҷаввола шуд, ашкам равон чун жола шуд, Корам фиғону нола шуд аз ишқи раънои дигар. Акнун шумо, эй гулрухон, созед бо дигар касон, К-имрӯзам оташ зад ба ҷон, ҳусни дилорои дигар. Бо ҳар кӣ хоҳӣ баъд аз ин биншину шав нозофарин, К-аз дасти ман эй нозанин, дил бурд барнои дигар. Меҳри ту, эй шоҳи Чигил, то хайма зад бар ҷону дил. Бастанд рахти обу гил яксар ҳавоҳои дигар. Озод шуд ҷону танам аз қайди ҷаври ҳар санам, То ҳалқа зад бар гарданам зулфи сумансои дигар. Соқӣ, шароби лаългун пешам маёвар аз фусун, Ман сархушу мастам кунун аз ҷому минои дигар. Не бода хоҳам, не чаман, не базми гул, не анҷуман, Яъне ки дорад ҷони ман завқи тамошои дигар. Эй ишқи оташзан ба ҷон, яғмогари ҳар хонумон, Бингар чӣ дорам дар дукон, ҷуз доғ колои дигар? Воиз махон афсонаам, к-имрӯз ман девонаам, Аз ақлу дин бегонаам карда-ст савдои дигар. Гаштам чунон маҳв аз назар, к-аз худ намеёбам асар, То бар сарам шуд ҷилвагар хуршедсимои дигар. Чун дид ишқи пурфусун, бекас шуда дашти ҷунун Овард аз ин саргаштахун Маҷнуну расвои дигар. Бас бошад он ҷони ҷаҳон, бо ман анису меҳрубон, К-ӯ хуш бувад, ё саргарон ёру шиносои дигар. Ҳар дам зи килки Ҷавҳарӣ гул карда рангин дафтаре, Азбас ба ёди он парӣ орояд иншои дигар.