Ҳайрати дидори ту дорам
Ойинааму ҳайрати дидори ту дорам,
Доғи диламу сӯзу ғами ишқи ту корам.
Ҳар ҷо ки кушояд мижа оғӯши тамошо,
Найранги таҷаллӣ кунад ойина дучорам.
Эй наври баҳори чамани олами хубӣ,
Шодобии гулзори умеди дили зорам.
Боз о, ки зи сармои фироқи ту ба худ чид
Ранги чаман афсурдагӣ айёми баҳорам.
Фарёд, ки эй золими бедод, надорӣ,
Парвои дили хуншудаи зору назорам.
Як раҳ назаре сӯи ман аз лутф, ки имрӯз
Хунинҷигарам, хастадилам, синафигорам.
Кай ҳал шавад аз нохуни тадбири Фалотун
Ин уқда ки аз ишқи ту афтод ба корам.
Ҳарчанд кашидам ба сари кӯи ту худро,
Аммо кӣ диҳад ҷуз ту ба дарбори ту борам?
Эй шоҳи бутон, гар ба сари турбатам оӣ,
Хуршед дамад ҷои гул аз хоки мазорам.
Гаштам ба раҳат хоку ба ёдат саҳаросо,
Ойина тироз аст ҳамон мушти ғуборам.
Гулчини баҳори тараб омад дили он кас,
К-аз дарди ту хун шуд чу дили ғуссагузорам.