Наргиси маст
Меҳрпайкар дилбаре дорам, аҷаб олиҷаноб,
Наргисаш айни итоб, абрӯш мадди офтоб.
Сад баҳор ойинаи ҳайратпарасти ҳусни ӯст,
Сад чаман гул пеши рӯяш аз хиҷолат ғарқи об.
Аз табассумҳои лаълаш ғунчаро хун дар ҷигар
В-аз нигоҳаш оламе чун наргиси масташ хароб.
Ҷилваи тоқатрабояш нақди дину дил рабуд,
Ғамзаи ошиқфиребаш кард яғмо сабру тоб.
Як дил ин ҷо бо ду олам гарчи кас надҳад, вале
Чора кӯ бо ғамзаи он чашми масти нимхоб?
Чашми товус аз таҳайюр хонаи ойина шуд,
Он баҳори ҷилва то афканд аз ораз ниқоб.
Кас ба даври соқии чашми ту ҳушёрӣ надид,
Эй ки шайдои ҷамолат ҳаст чандин шайху шоб.
Бисмили нози ту дамсоз аст бо ҷони адаб,
Гӯӣ аз оби бақо теғи туро доданд об.
Хатти рухсори ту ин, ё килки наққоши азал,
Баст бар рӯи гули хушранг нақш аз мушки ноб.
Дар чаҳи нисён нигори хешро бигзоштӣ,
Гар Зулайхо он чаманранги маро дидӣ ба хоб.
Чунки мегирям зи дарди ҳаҷри он гулгунузор,
Метаровад ҷои ашк аз дидаҳои ман гулоб.
Баски дӣ шуд куштаи шамшери нозаш Ҷавҳарӣ,
Ҷӯши хунаш дошт чандин шӯхии мавҷи шароб.