Ғамзаи абрӯ
Ваҳ, ки дил бурд зи як ғамзаи абрӯи ҳилол
Моҳи ойинамисолу бути хуршедҷамол.
Лоларухсораву гулоразу товусхиром,
Навбаҳори чамани олами найрангу камол.
Ё Раб, аз маҳзи карам дар канафи офиятат
Дораш эмин ҳама дам аз ҳама осебу завол.
Эй сафоҷилваю хуршедхаду ойинаранг,
Офтоби фалаки ҳусни маҳи авҷи камол.
Нест дар гулшани дил ёди касе ҷилвафурӯш,
Ҷуз хаёли ту маро дар шабу рӯзу маҳу сол.
Ҷавҳарӣ, ҷону дилам бод нисори қосид,
Ки расонид ба ман з-он гули рӯ бӯи висол.